Март 28, 2020 13:03 Asia/Dushanbe
  • Интихоби 25 узви нави Маҷлиси миллии Тоҷикистон

Дар пайи интихоботи рӯзи 27 марти соли равон 25 намоянда аз 33 нафар аз намояндагони Маҷлиси миллии Тоҷикистон мушаххас шуданд 8 нафари дигарро раисиҷумҳури ин кишвар мансуб хоҳад кард.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Маҷлиси миллии Тоҷикистон 33 узв дорад, як чаҳоруми аъзои он аз сӯи раисиҷумҳур мансуб ва боқӣ аз сӯи шуроҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳрҳо бо раъйгирии ғайриошкор интихоб мешаванд.

Комиссиони марказии интихоботи Тоҷикистон эълом карда, ки дар пайи баргузории интихоботи шуроҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳрҳо дар рӯзи 27 марти соли равон дар панҷ ҳавзаи бисёрмандатии интихоботӣ 25 намояндаи Маҷлиси миллии ин кишвар интихоб шуданд ва 8 нафари дигарро раисиҷумҳури ин кишвар мансуб мекунад.

Дар миёни ин 25 нафар номи Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, Раҷаббой Аҳмадзода-раиси вилояти Суғд, Қурбон Ҳакимзода-раиси вилояти Хатлон, Ёдгор Файзов- раиси вилояти Суғд, 10 раис ва муовини ноҳияҳо, раисони донишгоҳ, мудирони мактабҳои вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурӣ ва теъдоде аз кормандони омӯзиш ва парвариш мушоҳида мешавад.

Нахустин нишасти Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар барои интихоби раис ва муовинони ин маҷлис дар моҳи апрели соли равон баргузор хоҳад шуд.