Зарбу шатми яке аз сокинони рустои Баҳористон барои даъват ба артиш
Мақомоти Комиссияи низомии Тоҷикистон ба иҷбор ҷавонеро аз рустои Баҳористон ба сарбозӣ бурданд.
Ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, мақомоти минтақаи Хуросон дар ҷануби Тоҷикистон бо зарбу шатми ҷавони 26 солаи сокини рустои Баҳористон аз минтақаи Фахрободро ба иҷбор ба артиш бурданд.
Ин ҳодиса 4 апрел дар баландиҳои Фахробод рух дод замоне, ки кормандони Дафтари сабтиноми низомии минтақа, коргарони шурои русто ба ҳамроҳи полис дар ҳоле, ки Тушибек Қодирови 26 сола дар ҳоли чупонӣ буд, хостанд вайро ба зур ба артиш бубаранд, ки ӯ аз рафтан худдорӣ кард.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, даргирие рух дод, ки тайи он намояндагони мақомот ӯро лату куб карданд ва ӯ маҷруҳ шуд пас аз даргирӣ Тушибек Қодиров дар яке аз бемористонҳои Душанбе бистарӣ шуд.
Яке аз бастагони Тушибек, ки ҳозир ба муаррифии худ нашудааст гуфт: Аз бастагони ин сарбоз хоста шуда, ки аз додситонӣ шикоят накунанд.
Вай гуфт: Тушибек вазъияти саломатии хубе надорад ва бо мушкил суҳбат мекунад, баъд аз даъво, тамоми сураташ варам карда буд ва наметавонад ҳарф бизанад, модараш метарсад , ӯ ва дигар наздиконашон ҳам мамнуъулхуруҷ шуданд.
Раҳматулло Сафарзода, раиси ҳавзаи низоми вазифа гуфт: Дар бораи он чи иттифоқ афтода чизе нашунавидааст.
Раиси Идораи маҳаллии низоми вазифа гуфт: Ман бо пизишкон ва тасмимгирандагон тамос хоҳам гирифт то аз ҷузъиёти воқеа хабардор шавам.
Фаолони ҳуқуқи башари Тоҷикистон муътақиданд, ки зӯргӯӣ, ғизои ночизи сарбозон, фасод ва ҳамлаҳо аз мушкилоти ҷиддӣ барои артиши Тоҷикистон аст.
Дар солҳои ахир, чандин мавриди зарбу шатми шадиди сарбозон гузориш шудааст бархе аз онҳо мунҷар ба кушта шудани онҳо шуда ва чандин парвандаи қазоӣ низ ташкил шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон иддао мекунанд, ки дар Тоҷикистон теъдоди довталабони хидмат дар артиш дар ҳоли афзоиш аст ва онҳо ниёзе ба иҷбори ҷавонон надоранд.
Дар соли 2014, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар нишасте бо намояндагони Вазорати дифоъ, дастуруламалҳои равшан ба комисарияи артиш дод ва аз онҳо хост, ки аз равишҳои ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқи барои даъвати ҷавонон ба артиш истифода накунанд.
Бо ин ҳол, Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар моҳи март дар нишасте дар маҷлис, зарбу шатми сарбозонро таъйид кард.