Мушаххас нашудани ширкати таъминкунандаи нафти хоми мавриди ниёзи корхонаи коркарди нафти Тоҷикистон
(last modified Tue, 28 Apr 2020 08:22:01 GMT )
Апрел 28, 2020 13:22 Asia/Dushanbe
  • Мушаххас нашудани ширкати таъминкунандаи нафти хоми мавриди ниёзи корхонаи коркарди нафти Тоҷикистон

Мудири корхонаи аввалини коркарди нафти Тоҷикистон гуфт, ки ширкати таъминкунандаи нафти хоми мавриди ниёзи марказ то ба ҳол муайян карда нашудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сайти минтақаи озоди иқтисоди Данғара , пас аз гузашти шаш сол аз оғози сохти аввалин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон акнун ин марказ  омодаи баҳрабардорӣ аст ва фақат ширкати таъминкунандаи нафти хоми полоишгоҳ мушаххас нашудааст. 
 
 То кунун баҳрабардорӣ аз нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба далоили мушкилоти молӣ ва пардохт нашудани ҳазинаи таҷҳизоти мавриди ниёзи сохти полоишгоҳ ба таъхир афтодааст. 
 
 Барои интиқоли нафти хом ба ин полоишгоҳ ҳазору 500 метр хатти оҳани  фаръи эҳдос шуд,ин хатти  оҳан  аз масири роҳи оҳани Бохтар- Кӯлоб манишаиб шудааст. 
 
 Бо ифтитоҳи марҳалаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, 500 ҳазор тонна нафт дар сол тасфия мешавад ва бо такмили полоишгоҳ, Тоҷикистон метавонад ҳар сол як миллион тонна нафти хомро дар ин полоишгоҳ тасфия кунад. 
 
 Ширкати чинии tk-oil барои сохти ин полоишгоҳ 450 миллион доллар ихтисос додааст.