Бозгашти ҳоҷии пиёда аз Байтулмуқаддас
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i5329-Бозгашти_ҳоҷии_пиёда_аз_Байтулмуқаддас
Абдулазиз Раҷабов маъруф ба ҳоҷи пиёда баъд аз сафари тулонӣ ба Байтулмуқаддас-қиблаи аввали муслимин рӯзи гузашта солиму хушҳол ба зодгоҳи худ ноҳияи Ҳамадонии Тоҷикистон баргашт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 03, 2016 16:56 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти ҳоҷии пиёда аз Байтулмуқаддас

Абдулазиз Раҷабов маъруф ба ҳоҷи пиёда баъд аз сафари тулонӣ ба Байтулмуқаддас-қиблаи аввали муслимин рӯзи гузашта солиму хушҳол ба зодгоҳи худ ноҳияи Ҳамадонии Тоҷикистон баргашт.

Абдулазиз Раҷабов дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Садои Хуросон бо баёни ин хабар афзуд, ки сафари навбатии гуруҳи панҷнафараи онҳо аз моҳи марти соли 2016 аз ноҳияи Ҳамадон шуруъ шуда ва дар авохири моҳи сентябр ба поён расидааст.

Сарфи назар аз ин ки ҳоҷӣ Абдулазиз Раҷабов-68 сол дорад аммо мегӯяд, ки мехоҳад сафари ҷадиде даври дунё дошта бошад. Вай гуфт аз ҳамакнун дар тадоруки таҳияи сафари ҷадиди хеш аз тариқи Чин, Жопун ба Конодо аст ва аз мардони муқовим даъват кард, ки дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ кунанд.

Ҳоҷӣ Пиёда мегӯяд, ки то кунун ҳудуди 40 ҳазор км пои пиёда қаламрави 36 кишвари ҷаҳонро паймудааст. Вай то кунун ду маротиба пои пиёда яке аз масири Русия Қафқоз ва бархе кишварҳои Ховари Миёна ва маротибаи дуввум аз тариқи Афғонистону Эрон ва кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шудааст. Ҳоҷӣ Пиёда соли 2013 низ аз тариқи Афғонистон, Покистон ва Ҳинд ба Сарандеб ба зиёрати оромгоҳи мавсум ба ҳазрати Одам рафта буд.