Май 27, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  • Идомаи раванди бозгардонидан тоҷикистониҳо аз хориҷ

Мақомоти Тоҷикистон ба раванди бозгардонидани тоҷикистониҳои бандмонда бар асари коронавирус аз кишварҳои хориҷӣ идома медиҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷикТа, рӯзи сешанбе 26 май 159 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба иллати қатъи парвозҳо бар асари шуйюи коронавирус  дар Русия монда буданд, ба кишвари хеш бозгардонида шуданд.

Ин афрод бо парвози вижаи ҳавопаймоии Урал аз Екатеринбург дар шимоли Русия ба Душанбе расиданд.

Дар ҳамин робита Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом карда, ки аҷсоди ду шаҳрванди ин кишвар низ бо ҳамон парвоз ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Субҳи дирӯз ҳамчунин 237 шаҳрванди Тоҷикистон ва аҷсоди 13 шаҳрванди ин кишвар ба далелҳои мухталифе, ки ҷони худро дар Русия аз даст доданд, аз Маскав ба Душанбе фиристода шуданд.

Ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз Маскав вориди Душанбе шуда буданд дар истироҳатгоҳи Садбарг дар дарраи Ромит карантин шуданд.

Пеш аз ин сафорати Тоҷикистон дар Маскав эълом карда буд, ки дар аввалин марҳалаи бозгардонидани шаҳрвандони ин кишвар аз Федератсияи Русия, тамаркузи аслӣ бар бозгашти шаҳрвандоне аст, ки аз се моҳи гузашта дар боздоштгоҳҳои муваққат барои ихроҷ аз Федератсияи Русия қарор доштаанд.