Эъломи замони мусобиқоти тими футболи Тоҷикистон дар марҳалаи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ
Замони мусобиқоти тими футболи Тоҷикистон дар марҳалаи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ эълом шуд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Avesta, Конфедератсияи футболи Осиё пас аз мушовира бо ФИФА замон барои бозиҳои боқимондаи марҳалаи дувуми мусобиқоти муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2022-ро, ки дар ибтидо қарор буд дар март ва июн баргузор шавад эълом кард.
Бар асоси эъломи ФИФА тими миллии Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи "F" бозӣ мекунад, қарор аст 8 октябр муқобили тими миллии Муғулистон як бозии хонагӣ баргузор кунад.
Усмон Тошев- сармураббии узбаки тими миллии Умеди Тоҷикистон ҳам гуфт: Ин дар мусобиқоти муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар моҳи ноябр ду дидор баргузор хоҳад кард.
Аввалин дидор (12 ноябр) дар баробари Жопон ва (17 ноябр) дар муқобили тими миллии футболи Миянмар ба замин хоҳад рафт.
Конфедератсияи футболи Осиё ҳамчунон аз наздик вазъиятро баррасӣ хоҳад кард то амният, рифоҳи ҳамаи тимҳо, масъулон, мухлисон ва шавқмандони футбол таъмин шавад.