Кумаки башардӯстонаи як шаҳрванди кувайтӣ ба Тоҷикистон
(last modified Fri, 12 Jun 2020 14:52:43 GMT )
Июн 12, 2020 19:52 Asia/Dushanbe
  •  Кумаки башардӯстонаи як шаҳрванди кувайтӣ ба Тоҷикистон

Як шаҳрванди кувайтӣ барои муқобила бо корона ба Тоҷикистон чанд маҳмулаи кумаки башардӯстона ирсол кард.

Ба гузориши маркази матбуотии Вазорати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз тариқи як парвози вижа кумакҳои башардӯстонаи 15 тоннии  Фуод ибни Муҳаммад Алғунайм, тоҷири кувайтӣ вориди Душанбе ва дар ихтиёри тарафи тоҷик қарор дода шуд.

Маҳмулаи мазкур муташаккил аз таҷҳизоти пизишкӣ барои муқобила бо корона аст.

Ҳамчунин аз тариқи ин парвоз 5 шаҳрванди ҷомондаи Тоҷикистон аз Кувайт ба кишвар бозгардонда шуданд.

Ин шаҳрванди кувайтӣ ҳамчунин 38 ҳазор даст либоси муҳофизатии пизишкӣ аз Чин харидорӣ ва дар ихтиёри тарафи тоҷик қарор дод.