Мусофирони вурудӣ ба Тоҷикистон ду ҳафта карантин мешаванд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Ҳамаи мусофироне, ки бо барқарории дубораи парвозҳои хориҷӣ ба ин кишвар меоянд, ба муддати ду ҳафта карантин хоҳанд шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, ин тасмими нав дар ҳоле аст, ки қаблан эълом шуда буд Ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон барои барқарории дубораи парвози ҳавопаймоҳои мусофиркашонии ин кишвар бо Узбакистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аз аввали моҳи июл иҷозатнома дода ва мусофирони ин парвозҳо бояд гувоҳиномаи таъидшудаи олуда набудан ба вируси коронаро ба ҳамроҳ дошта бошанд, зеро дар ғайри ин ҳолат аз савор шудани онон ҷилавгирӣ хоҳад шуд.
Аммо мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон акнун мегуянд ҳамроҳ доштани натиҷаи манфии озмоиши КОВИД0-19 барои мусофирон зарурат дорад ва ин тестро метавон дар тамомии озмоишгоҳҳои вирусшиносии ин кишвар анҷом дод.
Бо ин ҳол масъулони Сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон мегуянд ҳануз бархе масоили беҳдоштӣ дар ин маврид мубҳам мебошад.
Онон мегуянд мушаххас нест, ки натиҷаҳои озмоиши вируси корона, ки дар Тоҷикистон анҷом мешавад дар Узбакистон эътибор хоҳад дошт ё ин ки тамомии мусофирони тоҷик низ дар Узбакистон карантин хоҳанд шуд.