Оғози таътилоти тобистонии намояндагони маҷлиси Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54968-Оғози_таътилоти_тобистонии_намояндагони_маҷлиси_Тоҷикистон
Намояндагони маҷлиси Тоҷикистон ба таътилоти тобистонӣ мераванд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 29, 2020 20:46 Asia/Dushanbe
  • Оғози таътилоти тобистонии намояндагони маҷлиси Тоҷикистон

Намояндагони маҷлиси Тоҷикистон ба таътилоти тобистонӣ мераванд.

Бино ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи маҷлиси Тоҷикистон, охирин иҷлосияи порлумон рӯзи 30 июн баргузор ва пас аз он аз 1 июл таътилоти намояндагон оғоз хоҳад ёфт.

Таътилоти намояндагони парлумонии Тоҷикистон аз 1 июл оғоз шуда, то 16 август идома меёбад, аммо тибқи қонун, президенти Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар рӯзҳои таътилот иҷлосияи ғайринавбатии парлумонро баргузор кунад.