Июл 20, 2020 17:13 Asia/Dushanbe
  • Сохтмони биноҳои давлатӣ дар Душанбе ба қарибӣ оғоз хоҳад шуд

Ба қарибӣ дар шаҳри Душанбе сохтмони биноҳои ҷадиди давлатӣ оғоз меёбад

 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз Ховар, барои сохти ин сохтмонҳо Чин 1милёрду 500 миллион юан (220миллион доллар) кӯмак кардааст. 
 
 Ҷамшед Аҳмадзода раис кумитаи меъморӣ ва сохту сози Тоҷикистон гуфт: қарор аст ин сохтмонҳо, ки ҳар кадом ҳудуди 42 ҳазор метр мураббаъ масоҳат дорад, дар муддати  4сол сохта шавад. 
 
 Ҷамшед Аҳмадзода хотирнишон кард: амалиёти сохти ин ду сохтмон ба далели шуюи корона ба таъвиқ афтод вале бо коҳиши шуюи коронавирус дар Тоҷикистон ба зудӣ сохти  онҳо оғоз хоҳад шуд. 
 
 Раиси кумитаи меъморӣ ва сохту сози Тоҷикистон афзуд: мутобиқи тавофуқнома ,80 дарсади коргарон аз атбои Тоҷикистон хоҳанд буд. 
 
 Сохтмони ҷадиди маҷлиси олӣ дар хиёбони  Рӯдакии шаҳри Душанбе, дар маҳалли сохтимони қаблии Вазорати зироати Тоҷикистон эҳдос мешавад. 
 
 Иртифои сохтмони ҷадиди маҷлис 49 метр ва иртифои гунбад 70 метр хоҳад буд. 
 
 Сохтмон ҷадиди давлати Тоҷикистон ҳам дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ эҳдос хоҳад шуд ва шомили як сохтмони 15 табақа барои дафтари раиси давлат (раисҷумҳур)Тоҷикистон ва ду сохтмони 13 табақа барои идороти вобаста ба давлат аст.