Август 03, 2020 11:47 Asia/Dushanbe
  • Занон; як чаҳоруми кормандони давлати Тоҷикистон

Раиси Ожонси хадамоти давлатии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, ки як чаҳоруми кормандони идороти давлатӣ дар ин кишварро занон ташкил мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, Ҷумъа Давлатов ин матлабро имрӯз дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе унвон кард ва гуфт: Ҳам акнун 18 ҳазору 562 зан дар идороти давлатии Тоҷикистон машғул ба кор мебошанд.

Вай афзуд: Аз ин миён 4 ҳазору 355 нафар ё наздик ба 24 дарсад аз ононро занони болои 40 сол ташкил мекунанд ва синни 8 ҳазору 251 нафар то 35 сол унвон мешавад.

Вай таъкид кард, ки бар асоси барномаи давлати Тоҷикистон саҳми занони корманд  дар идороти давлатии ин кишвар аз як чаҳоруми феълӣ, дар соли 2030 ба 40 дарсад хоҳад расид.

Дар маҷмуъ миёнгини синни занони шоғил дар идороти давлатии Тоҷикистон 38 сол мебошад.

Ҳамчунин аз миёни 5 ҳазору 676 корманди давлат, ки дар симатҳои мудириятӣ фаъолият мекунанд, як ҳазору 66 нафар зан мебошанд.

 

Барчасп