Август 15, 2020 20:08 Asia/Dushanbe
  • Баргузории муноқисаи ширкати Газпром-Тоҷикистон

Газпром-Тоҷикистон ба думболи таъмини таҷҳизоти кампютер барои помпи бензинҳои зермаҷмӯаи ширкат аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи ширкати Газпром, мудирони ширкати Газпром-Тоҷикистон барои таҳияи таҷҳизоти кампютери помпи бензинҳои зермаҷмӯаи ширкат муноқиса баргузор мекунанд.

Тамомии созмонҳо ва ширкатҳои алоқаманд метавонанд  дар ин муноқиса ширкат кунанд.

Ширкаткунандагон бояд иттилооти комили ҳазинаи таҷҳизотро (ба сомонӣ) ба ширкат эълом кунанд, таҷрибаи кофӣ дар таҳияи ҷинсҳои техникӣ дошта бошанд, қарздори андоз набошанд, муҷаввизи ширкат дар муноқисаҳои давлатиро дошта бошанд ва замони таҳвил ва насби таҷҳизот ва муддати замонатро ҳам дар дархости худ эълом кунанд.

Соати 15-и бистуми августи 2020 охирин фурсати ирсоли мадорик барои ширкат дар муноқиса эълом шуд.

Пакетномаҳо фақат ба сурати басташуда ва бо зикри "Комиссиони муноқисаи Газпром- Тоҷикистон" , номи муноқиса , номи комили фиристанда, номи ширкат ва шумораи телефони тамос бояд ба адреси шаҳри Душанбе хиёбони Бохтар 46 ирсол шавад.