Иқдомоти фарҳангии муқобила бо корона дар Тоҷикистон
Бо ҳадафи тарвиҷи истифода аз ниқоб ва риояти беҳдошти шахсӣ барои пешгирӣ аз ибтило ба корона иқдомоти фарҳангӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли иҷро аст.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи марказӣ масъулони иҷроии минтақаи Суғд ба манзури коҳиши шуйюи ин беморӣ ҷаласоти мустақиме бо шаҳрвандон баргузор мекунанд.
Кормандони кумитаи шароити изтирорӣ ва дифои ғайринизомии минтақаи Суғд ҳар рӯз дар манотиқи пурҷамъият ҳузур доранд ва иқдомоти фарҳангиро барои ҷиддӣ гирифтани бемории корона аз сӯи мардум анҷом медиҳанд.
Онҳо дар манотиқи пурҷамъият, монанди бӯстони Абумаҳмуди Хуҷандӣ, фурушгоҳҳои марокизи хадамотӣ дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз корона ва илзоми риояти беҳдошти шахсӣ ва умумӣ ва истифода аз ниқоб бо мардум сӯҳбат мекунанд.
Кормандони кумитаи ҳолатҳои изтирори Суғд, ҳамчунин ниқоб, дасткаш ва китобчаҳои иттилоърасонӣ дар бораи бемории коронаро ҳам ба шаҳрвандон таҳвил медиҳанд.