Август 21, 2020 19:29 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Раҳмон аз пайвастани сокинони ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳҳои террористӣ

Раиси ҷумҳурии Тоҷикснон аз пайвастани 53 сокини ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳҳои террористӣ ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Эмомалӣ Раҳмон, ки барои ифтитоҳи чанд тарҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар вилояти Бадахшон ҳузур дорад гуфт, ки 53 сокини ноҳияи Ванҷ бо пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ барои ҷанг ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд, ки се тан аз онон зан мебошанд.

Вай афзуд: 20 нафар аз ин афрод сокинони фармондории Язгулом ҳастанд ва 12 тани террористҳо боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудаанд, ки ҳашт тан аз онон рӯзҳои наздик дар додгоҳ муҳокима хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикснон дар солҳои 1992 то 2015 наздик ба 96 сокини ноҳияи Ванҷ ба таври ғайри муҷоз дар марокизи омӯзишии кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, ки 92 тан аз онон ба Тоҷикистон бозгардонда шуданд, аммо чаҳор нафар ҳамчунон дар донишгоҳи Ал-Азҳари Миср машғул ба таҳсили ғайримуҷоз ҳастанд.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар таи солҳои 2014 то 2018 бо пайвастан ба гурӯҳи террористии ДОИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки наздик ба 300 тан аз онон кушта шуданд ва занон ва фарзандони теъдоде аз онон дар урдугоҳҳои оворагон дар ин ду кишвари арабӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Барчасп