Сентябр 10, 2020 13:26 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти қирғиз ва тоҷик бар рафъи ихтилофоти марзӣ

Вазирони умури хориҷаи Қирғизистон ва Тоҷикистон бар зарурати рафъи ихтилофоти марзии ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Чингиз Ҳайдарбеков ва Сироҷуддин Меҳруддин-вазирони умури хориҷаи Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Маскав бо якдигар дидор карданд.

 Дар оғози ин дидор вазири умури хориҷаи Қирғизистон бисту нӯҳумин солгарди истиқлоли ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамтои худ табрик гуфт.

 Вазирони умури хориҷа Тоҷикистон ва Қирғизистон аз таъхири музокироти гурӯҳҳои кории ҳайатҳои давлати Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи таъйини марзҳои мавриди ихтилофи ду кишвар ба иллати густариши корона ибрози таассуф карданд ва аҳамияти баргузории ин нишаст дар ояндаи наздикро ёдовар шуданд.

 Вазирони Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамчунин дар мавриди таомул дар чорчуби созмонҳои байналмиллалӣ ва мавзӯъоти аслии ҳамкориҳои минтақаӣ гуфтугӯ карданд.

 Вазири умури хориҷаи Қирғизистон ҳамчунин бо Абдулазиз Комилов ҳамтои узбакистонии худ дар Маскав дидор кард ва ду тараф дар бораи масоили мавриди алоқа аз ҷумла ҳамкориҳои мутақобил дар чорчуби созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаӣ гуфтугӯ карданд.