Сентябр 23, 2020 13:44 Asia/Dushanbe
  • 5 кишвари мақсади содироти Тоҷикистон таи ҳашт моҳи имсол

Ожонси давлатии омори назди ҳукумати Тоҷикстон 5 мақсади содироти маҳсулоти тавлидшуда дар ин ҷумҳурӣ таи ҳашт моҳи соли ҷориро эълом кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл  аз сомонаи Ожонси омори Тоҷикстон , дар ҳашт моҳи нахусти имсол кишварҳои Шветсария ,Туркия , Қазоқистон ,Узбакистон ва Афғонистон аз муҳимтарин воридкунандагони маҳсулоти Тоҷикистон будаанд .

 Мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Шветсария дар ҳашт моҳи имсол ба 598 миллиону 200 ҳазор доллар расида, ки саҳми Тоҷикистон 594 миллиону 300 ҳазор доллар эълом шуда аст .

 Содироти сангҳои қимматбаҳо ва нимақимматӣ ва фулузоти гаронбҳо ба арзиши молии 595 миллион доллар буда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиши 470 миллиондоллариро нишон медиҳад. Шветсария яке аз асоситарин харидорони сангҳои қимматбаҳо ва нимақимматӣ ва фулузоти гаронбҳои Тоҷикистон аст .Таи ҳашт моҳи соли ҷорӣ Туркия аз Тоҷикистон ба маблағи 131 миллион доллар маҳсулот ворид карда аст.

 Дар маҷмўъ мизони муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи нахусти имсол ба 3 миллиарду 86 миллион доллар расида, ки содирот 1 миллиарду 44 миллион доллар ва воридот  2 миллиарду 42 миллион доллар буда аст .

 Дар ин муддат саҳми воридоти Тоҷикистон аз Русия 31,3 дарсад , Қазоқистон 23,7 дарсад ва Чин 14,3 дарсад эълом шуда аст.