Сентябр 24, 2020 18:12 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти равобити меҳвари дидори раиси порлумони Тоҷикистон ва ҳамоҳангкунандаи доими Созмони Милал

Раиси порлумони Тоҷикистон ва ҳамоҳангкунандаи доими Созмони Милали Муттаҳид дар ин кишвар бо якдигар дидор ва гуфтугӯ карданд.

 «Муҳаммадтоҳир Зокирзода » раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва «Сезин Синан Уғлу » ҳамоҳангкунандаи доими Созмони Милали Муттаҳид дар ин кишвар мулоқот карданд .
Тайи ин дидор  тақвияти ҳамкории байни ду тараф , нақши порлумони Тоҷикистон дар эҷоди шароити муносиб барои оби ошомидании солим , роҳҳои афзоиши огоҳии умумии ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва сойири мавзӯъоти муҳим баррасӣ шуд .
Зокирзода  дар суханоне нақши порлумони ҳирфаии Тоҷикистон дар эҷоди фазои  қонунӣ барои кӯмаки мустақим ба ҳифозат аз муҳити зист , хадамоти беҳдоштӣ , тақвияти нақши ҷомеаи маданӣ дар мавзӯъоти оби ошомидании солим ва ҳуқуқи башар ба таври мусбат  арзёбӣ ва таъкид кард ки порлумони ҳирфаии Тоҷикистон дар ин замина  қавонини ҷудогонаеро тасвибу ҳамзамон бо тавваҷӯҳ ба тақозои замон дар теъдоде аз асноди ҳуқуқии тағирот ва изофотро ворид кардааст .
Вай бо баёни ин ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлол ба хотири кӯмак ва таҳкими ҳамкории минтақаӣ , ба вижа дар заминаи об  иқдомоти лозимро анҷом медиҳад аз шуракоии байналмилалӣ аз ҷумлаи муассисоти СММ ва намояндагии ҷомеаи маданӣ барои кӯмакҳои фаъол дар иҷрои  амалии иқдомоти байналмилалии ҳамкорӣ дар заминаи об , изҳори ташаккур кард .
Ҳамоҳангкунандаи доими Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба навбаи худ дар мавриди фаъолияти барномаҳои  ин созмон  суҳбат ва ҳамзамон таъкид кард, ки ин барномаҳо дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон  фаъолияти густарда доранд .
Вай дар идома аз талошҳои порлумони Тоҷикистон  ҷиҳати эҷоди шароити муносиб ва фазоии ҳуқуқӣ изҳори ризоят карду гуфт : ин созмон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо порлумони ин кишвар ҳастанд .

Барчасп