Осори таърихии Тоҷикистон дар Париж ба намоиш дармеояд
Намоишгоҳе аз осори таърихии Тоҷикистон барои муаррифии фарҳанги бостонӣ ва ғании мардуми ин кишвар дар музеи "Гимма"-и шаҳри Париж баргузор хоҳад шуд.
Гуфтанӣ аст, ки тавофуқномае байни "Тоҷикистон" ва « Фаронса » дар авоили моҳи июли соли 2019 милодӣ дар мавриди баргузории намоишгоҳи осори бостонии Тоҷикистон дар осорхонаи ҳунарҳои миллии Фаронса ба имзо расида буду бар ин асос дар дидоре, ки байни « Шамсиддин Орумбекзода », вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонум «Ясмин Гудир », сафири Фаронса дар Тоҷикистон анҷом шуд дар бораи ҷузъиёти баргузории ин намоишгоҳ гуфтугӯ шуд.
Дар ин дидор, ки дар шаҳри « Душанбе » баргузор гардид, тарафайн мавзӯи ҳамоҳангии баргузории намоишгоҳи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд. Қарор шуд ҷиҳати баргузории намоишгоҳи мазкур дар сатҳи шоиста ҳар моҳ ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ доир шавад.
Тарафайн ҳамчунин дар заминаи интихоби кампанияи ҳавопаймоӣ, интиқоли ашёи тарихӣ ба Париж , таъмини амнияту ҳифзи осор , таҳияи феҳристи осори намоишгоҳ, тадвини барномаи фарҳангӣ, намоиши филмҳои тоҷикӣ бо муҳтавои манотиқи торихӣ ва масирҳои гардишгарии Тоҷикистон дар Париж гуфтугӯ ва изҳори назар карданд.
Гимме осорхонаи санъати Осиёест, ки дар Париж, Фаронса воқеъ аст, ки бо коллексияҳои бойи санъаташ аз тамаддунҳои Ҳиндӣ шӯҳрат дорад.
Осорхонаи Гимме, ки соли 1879 аз ҷониби як косиб бо номи Эмил Этьен Гимме таъсис ёфтааст, аввал дар Лион ҷойгир буд ва соли 1885 пас аз ба ҳукумат супурдан ба Париж кӯчид.
Дар тӯли даҳаҳои 20 ва 30 милодӣ бо интиқоли ганҷинаҳои фаровоне, ки тавассути ҳайати бостоншиносии Фаронса дар Афғонистон ковуш мегардид , бар маҷмӯаи ганҷинаҳои ин музей афзуда шуд .