Сентябр 29, 2020 17:53 Asia/Dushanbe
  • Файласуфи барҷастаи тоҷик даргузашт

Мӯсо Диноршоев, файласуф ва пажӯҳишгари маъруфи тоҷик даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , Мӯсо  Диноршоев имрӯз, сешанбе, дар синни 86-солагӣ дар шаҳри Душанбе   даргузашт ва дар оромгоҳи маъруф бо номи "километри ҳафтум" дафн карда шуд.

7 ноябри соли 1934 таваллуд шудааст, доктори фалсафа, корманди илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ Сино буд.
Диноршоев хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд ва солҳои дароз дар Академияи илмҳо кор карда, директори Институти илмии фалсафа ва муовини директори Академия буд.
Аз шодравони Мӯсо  Диноршоев беш аз 100 мақола ва асари илмӣ боқӣ монда, ки « Ҷаҳон‌бинии фалсафии Насриддини Тӯсӣ » ( 1968 ) ва « Фалсафаи табии Ибни Сино» ( 1985 ) аз он ҷумла аст .