Октябр 21, 2020 15:52 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти вазорати энержӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон асноди фаннии сохти нерӯгоҳи ҷадиди Шӯробро омода мекунанд
    Мақомоти вазорати энержӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон асноди фаннии сохти нерӯгоҳи ҷадиди Шӯробро омода мекунанд

Мақомоти вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон аз омода кардани санадҳои фаннии тарҳи сохти нерӯгоҳи нави обӣ-барқии Шӯроб дар 95 километрии шарқи Душанбе бар рӯи рудхонаи Вахш хабар доданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Тоҷвек , мақомоти вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон мегӯянд чанд ширкати хориҷӣ ваъдаи мушорикат дар тарҳи нерӯгоҳи обӣ- барқии Шӯробро додаанд, ки бо зарфияти тавлиди  ҳазор мегаватт барқ дар фосилаи 15 километрии поинтар аз нерӯгоҳи Роғун сохта хоҳад шуд.

Ин нерӯгоҳ бо садди хокии 83 метрӣ ва имкони захирасозии 75 миллион километр- мукааб об дар фосилаи байни маҳалли сохти нерӯгоҳи Роғун ва болотар аз нерӯгоҳи обӣ-барқии Норак сохта мешавад, ки аз зарфияти тавлиди ҳазор мегаватт барқ бархурдор аст .

 Хароҷоти сохти ин неругоҳ як миллиард доллар баровард шуда аст.

  Нерӯгоҳи Шӯроб ҳаштумин нерӯгоҳи обӣ- барқӣ аст, ки бар рӯдхонаи Вахш сохта мешавад.

 Дар ҳоли ҳозир нерӯгоҳҳои барқӣ-обии Норак,Сарбанд, Бойғозӣ, Сангтудаи 1 ва Сангтудаи 2 , Марказӣ ва Обшор, ки руи ин рудхона сохта шудаанд , барқ тавлид мекунанд ва нерӯгоҳи Роғун низ дар дасти сохт аст.