Бохти тими миллии футболи Тоҷикистон дар баробари Баҳрайн
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i58936-Бохти_тими_миллии_футболи_Тоҷикистон_дар_баробари_Баҳрайн
Тими миллии футболи Тоҷикистон дар дидори дӯстона баробари тими миллии футболи Баҳрайн натиҷаро вогузор кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 08, 2020 20:05 Asia/Dushanbe
  • Бохти тими миллии футболи Тоҷикистон дар баробари Баҳрайн

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар дидори дӯстона баробари тими миллии футболи Баҳрайн натиҷаро вогузор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Дубай баргузор шуд, бо натиҷаи 1:0 ба нафъи Баҳрайн ба поён расид.

Танҳо голи ин дидорро Муҳаммад Саъди миллипӯши баҳрайнӣ ба самар расонд.

Гуфта мешавад, ки тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Баҳрайн то кунун панҷ бор бо ҳам дидор кардаанд ва дар се бозӣ дар Баҳрайн пирӯз шуданд ва бо ду мусовӣ анҷом ёфтанд.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии навбатии дӯстона 12 ноябр бо тими миллии футболи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯ ба рӯ мешавад.