Ноябр 15, 2020 15:10 Asia/Dushanbe
  • 12-умин даври гуфтугӯи ҳуқуқи башар байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо
    12-умин даври гуфтугӯи ҳуқуқи башар байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Иттиҳодия Аврупо аз Тоҷикистон дархост кард то пеши роҳи масдӯд кардани вебсойтҳои хабариро бигирад.

Ба гузориши сомонаи SNG.today, намояндагони Иттиҳоди Аврупо зимни дархости ҷилавгири аз масдӯд кардани вебсойтҳои хабари бар аҳаммияти фароҳам кардани муҳити боз ва аман барои рӯзноманигорони мустақил дар кишвар таъкид карданд.

Ахиран Душанбе мизбони 12-умин даври гуфтугӯи ҳуқуқи башар байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо буд. Дар ин музокироти он-лайн кормандони Идораи тазмини ҳуқуқи башари Кумитаи иҷрои раҳбари кишвар ва намояндагони созмони иқдомоти хориҷаи Иттиҳоди Аврупо ҳузур доштанд.

Рӯзномаи ҷаласа мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирифт: вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо пас аз муколамаи охирин ва дар давраи ҳамагирии COVID-19, озодии баён, аз ҷумла озодии ВАО, озодии иттиҳодияҳо ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёси, гирдиҳамоиҳои осоишта ва озодии эътиқод, озодии дин ва виҷдон, ҳуқуқи занон, аз ҷумла зӯровари нисбати занон, шиканҷа, бадрафтори ва шароити нигоҳдори дар маҳбасҳо. Ҳамчунин ҳамкори дар чаҳорчӯби абзорҳои бисёрҷониба, Барномаи умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+) ва лоиҳаҳои дигари дуҷониба мавриди барраси қарор гирифтанд.

Қобил тавваҷӯҳ аст, ки дар соли гузашта Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид карда буд, ки маҳдӯдияти дастраси ба теъдоде аз сайтҳои хабари, абзори муҳим барои ҳифзи субот дар кишвар ва парвариши ватанпарастӣ дар байни шаҳрвандон аст.

 

Барчасп