Ноябр 19, 2020 13:58 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрдории Душанбе дар ҷои бинои Бонки миллии Тоҷикистон боғи 30 солагии истиқлолро месозад
    Шаҳрдории Душанбе дар ҷои бинои Бонки миллии Тоҷикистон боғи 30 солагии истиқлолро месозад

Тахриби бинои ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои сохт боғи мавсӯм ба 30 солагии истиқлол оғоз шуд.

Ба гузориши Тоҷ век, дар Бонки миллии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфтаанд, ки кормандони ин ниҳод акнӯн дар биное мавсӯм ба “Душанбе Плаза”, ки Зайд Саидов, фаъоли бахши хусӯсӣ ба 28 соли зиндон маҳкум шуда сохта буд, фаъолият мекунанд.

Бинои дар ҳоли тахриби Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2005 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва акнӯн бо тасмими шаҳрдории Душанбе ба ҷои он Боғи 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон сохта мешавад.

Ин боғи ҷадид дар масоҳати 29 гектар дар канори Донишгоҳи омӯзгор , меҳмонхонаи Авесто ва Кохи Ваҳдат бо ҳафт дарвозаи вурӯдӣ сохта хоҳад шуд.

Ҳамчунин сохти бурҷе бо номи “Тоҷ” дар ин боғ ба иртифои 121 метр ба унвони рамзи истиқлоли Тоҷикистон маддиназар аст.

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп