80 дарсади даромади коргарони муҳоҷир барои ғизо ҳазина мешавад
Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки 80 дарсади хонаводаҳои тоҷик даромади ирсолии коргарони муҳоҷирро барои ғизо ҳазина мекунанд.
Ба гузориши сомонаи Тоҷ век, Бонки Ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ бо унвони "Тоҷикистон: авзои модар ва кӯдак дар шароити куруноӣ" эълом кардааст, ҳамчунин 20 дарсад аз ин хонаводаҳо гуфтаанд, ки наметавонанд ба далели гарон будани ҳазинаҳои дармонӣ ба марокизи бемористонӣ муроҷиа кунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ пешбинӣ кардаанд, даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия имсол ба далели густариши вируси куруно 15 дарсад коҳиш ёбад.
Ҳамчунин ин коршиносон муътақиданд, ки барои бори нахуст дар ду даҳаи гузашта Тоҷикистон бо коҳиши рушди иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Бар ин асос агар дар соли 2019 рушди иқтисодии Тоҷикистон 7,5 дарсад бошад имсол ба 1.6 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
Бонки Ҷаҳонӣ ба манзури коҳиши осебҳое аз густариши куруно барои 50 ҳазор хонаводаи тоҷикистонӣ, ки фарзандони камтар аз 3 сол доранд, 500 сомонӣ кмак хоҳад кард.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Таъкиди намояндаи Думои Русия бар ҷазди коргарони муҳоҷири тоҷик
- Коҳиши 4 дарсадии рушди иқтисоди Тоҷикистон тайи шаш моҳи нахусти имсол
- Тоҷикистон: мондани пойи орд дар кафши гаронӣ