Ду таҳдиди ҷиддӣ барои иқтисоди Тоҷикистон
(last modified Mon, 28 Dec 2020 09:54:34 GMT )
Декабр 28, 2020 14:54 Asia/Dushanbe
  • Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, фурӯши ашёи хом ва вобастагии даромади муҳоҷирон ба иқтисоди Тоҷикистон таҳдид мекунад
    Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, фурӯши ашёи хом ва вобастагии даромади муҳоҷирон ба иқтисоди Тоҷикистон таҳдид мекунад

Бонки Ҷаҳонӣ афзоиши фурӯши ашёи хом ва вобастагӣ аз даромади муҳоҷирони меҳнатиро ду таҳдиди ҷиддӣ барои иқтисоди Тоҷикистон дар шароити паҳн шудани вируси корона унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши тозае бо унвони "Кунд шудани рушди иқтисоди Тоҷикистон дар шароити корона " омилҳои ин ду таҳдидро заъиф будани буҷети ҳукумат, камбуди даромад барои корхонаҳои давлатӣ ва набудани фазои муносиб барои фаъолияти бахши хусусӣ медонад.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар ин гузориш таъкид мекунанд: « Афзоиши теъдоди қарздорони банкӣ, бозгашти коргарони муҳоҷир аз Русия ба далели бекор шудан ва дар натиҷаи афзоиши теъдоди бекорон ва низ фишор ба бахши беҳдошту дармон ба далели густариши Ковид- 19 метавонад заминасози афзоиши фақр дар Тоҷикистони шавад.»

  
Аз як миллиарду 322 миллиону 500 ҳазор доллари содироти Тоҷикистон ба хориҷ дар 11 моҳи имсол 52 дарсадро сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо (сангҳои қиматбаҳо), металлҳои ранга ва маъданҳо ташкил медиҳанд, ки дар шакли хом фурӯхта мешаванд. 

Ҳамчунин 18 дарсад аз содироти Тоҷикистон дар ин муддат семент ва наздик ба 13 дарсад низ пахта будааст.

 

Бештар бихонед: