Январ 06, 2021 17:53 Asia/Dushanbe
  • Бонки Рушди Осиё аз соли 1998 то охирҳои 2020 ба Тоҷикистон наздик ба 2 миллиард доллар кумак кард
    Бонки Рушди Осиё аз соли 1998 то охирҳои 2020 ба Тоҷикистон наздик ба 2 миллиард доллар кумак кард

Намояндагии Бонки Рушди Осиё дар Душанбе аз 3 баробар шудани кумаки ин ниҳод ба Тоҷикистон дар соли 2020 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, дар ҳоле ки бар асоси барномаи пешбинишуда қарор буд Тоҷикистон дар соли 2020 аз Бонки Рушди Осиё 140 миллион доллар кумаки бебозгашт дарёфт кунад, ба далели густариши вируси корона ин рақам ба 320 миллион доллар афзоиш ёфт.

Ин кумакҳои молӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, ҳамлунақл, энержӣ, маориф ва илм, мудирияти давлатӣ ва коҳиши паёмадҳои густариши Ковид - 19 харҷ шудааст.

Гуфта мешавад, ки Бонки Рушди Осиё аз соли 1998 то авохири 2020 ба Тоҷикистон наздик ба 2 миллиард доллар кумаки молӣ ихтисос дода, ки ниме аз он бебозгашт (грант) будааст.

Ҳамчунин барномарезӣ шудааст, ки дар солҳои 2021 то 2023 Бонки Рушди Осиё 323 миллион доллар кумаки молии ройгон ба Тоҷикистон ихтисос диҳад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп