Пешбинии коршиносони Бонки осиёӣ : Рушди иқтисоди Тоҷикистон коҳиш меёбад
(last modified Sat, 13 Apr 2024 07:43:40 GMT )
Апрел 13, 2024 12:43 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии коршиносони Бонки осиёӣ : Рушди иқтисоди Тоҷикистон коҳиш меёбад

Коршиносони Бонки тавсеаи осиёӣ пешбинӣ мекунанд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2024 ва 2025 ба далели коҳиши ҳаволаҳо, маҳдудитҳои фазои молӣ ва коҳиши тақозои ҷаҳонӣ барои содироти аслии Тоҷикистон андаке коҳиш хоҳад ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бонки тавсеаи осиёӣ дар чашмандози тавсеаи осиёии худ дар апрели 2024, ки мунташир шуд, гуфт: «Тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар ҳам дар соли ҷорӣ ва ҳам дар соли оянда, ба думболи рушди 8.3 дарсадӣ дар соли 2023 ҳудуди 6.5 дарсад рушд хоҳад кард  Рушди нисбатан боло дар соли 2023 вобаста ба рушди кишоварзӣ ва сохту соз ва ҳамчунин рушд дар бахши хадамот будааст. 

 Шени Кампбэл, мудири Бонки тавсеаи осиёӣ дар Тоҷикистон, гуфт: «Тоҷикистон бо чолишҳо ва хатароти ҷиддии обуҳавоӣ мувоҷеҳ аст, ки метавонад ба осебҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  муҳитизистии ҷуброннопазире мунҷар шавад» ва "тавсиъаи иқтисоди сабз-калиди рушди пойдори кишвар аст."  Ин гузориш таъкид мекунад, ки бо афзоиши ҷамъият, камбуди заминҳои қобили кишти Тоҷикистон ба вобастагии шадид ба маводи ғизоии воридотӣ, тазъифи амнияти ғизоӣ ва афзоиши осебпазирии ҷамъият дар баробари балоҳои табиӣ мунҷар шудааст.  Ӯ гуфт:Дар тӯли 34 соли гузашта ин кишвар ҳудуди 20 дарсад аз пиряхҳои табии худро аз даст додааст. Ин як таҳдиди ҷиддӣ барои иқтисод аст, зеро кишвар барои тавлиди барқи обӣ ба шиддат ба рӯдхонаҳои таъминшаванда шуда аз пиряхчҳои табиӣ вобаста аст 

Кампбэл хотирнишон кард: Бо ҳимояти Бонки тавсеаи осиёӣ, давлат стратегияи тавсеаи иқтисоди сабзро то соли 2027 таҳия ва тасвиб кард, ки 11 ҳавзаи авлавиятдор шомили баҳраварии энержӣ, системаҳои мудирияти пасмонд ва экотуризмро мушаххас мекунад.  Дар ҳамин ҳол таваррум дар Тоҷикистон дар солҳои 2024 ва 2025 бар асоси пешбинииҳои барӯзшудаи Бонки тавсеа осиёӣ, ба тартиб ба 5.5 ва 6.5 дарсад хоҳад расид.