Январ 21, 2021 15:13 Asia/Dushanbe
  • Ҷопон дар Тоҷикистон 50 мактаб сохтааст
    Ҷопон дар Тоҷикистон 50 мактаб сохтааст

Сафири Ҷопон дар Душанбе эълом кард, бо кумаки молии давлати Токио ду мактаб бо ҳазинаи ду миллион сомонӣ дар Тоҷикистон сохта мешавад.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Tакаюки Миясита дар маросими имзои ин созишнома гуфтааст, ки токунӯн бо кумаки ройгони Ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон 50 мактаб сохта шудау ва ин барнома идома хоҳад дошт.

Вай таъкид кард: «ду мактаби ҷадид дар ноҳияҳои Турсунзода ва Файзобод ҳар як бо ҳазинаи 1 миллион сомонии ройгони ҳукумати Ҷопон сохта ва таҷҳиз хоҳад шуд. Мо талош мекунем, ки ин ду мактаб бо таҷҳизоти пешрафтаи омӯзишӣ таъмин шаванд то донишомӯзони тоҷик битавонанд дар шароити матлуб улуми рӯзро фарогиранд.»

Сафири Ҷопон гуфт, кишвараш дар чорчӯби ин барнома бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамкории наздик дорад.

Гуфта мешавад аз соли 1996 ҳукумати Ҷопон барои иҷроӣ кардани 421 тарҳи иҷтимоӣ ва омӯзишӣ дар Тоҷикистон 34 доллар кумаки ройгон ихтисос додааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп