Июн 06, 2024 19:12 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар заминаи омӯзиш

Тоҷикистон ва Олмон ҳамкориҳои худро дар заминаи омӯзиш тақвият медиҳанд

 Раҳим Саидзода, вазири  маориф ва илми   ҷумҳури Тоҷикистон дар чорчуби нишасти ҳайати мудираи мушорикати ҷаҳонӣ дар заминаи омӯзиш дар шаҳри Берлини ҷумҳури федерали Олмон бо Свенжа Шултс , вазири тавсеа ва ҳамкории иқтисодии ҷумҳури федералии Олмон ва узви парлумони Олмон дидор ва гуфтугӯ кард.

 Дар ин дидор масоили марбут ба ошноӣ бо системаи омӯзиши дугонаи Олмон ва фаъолиятҳои ниҳодҳои марбута, иқтисоди “сабз”, тавсеаи стандартҳои ҳирфаӣ, тавсеаи сифати омӯзиши касбӣ мавриди баҳс қарор гирифт.

 Свенжа Шултс низ ин нишастро гоми созанда дар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо хонд ва барои тавсеаи ин равобит пешниҳодҳои муфид ироа кард.

 

Барчасп