Январ 25, 2021 21:22 Asia/Dushanbe
  • Дар соли 2020 нархи таваррум дар Тоҷикистон ба 9. 4 дарсад расид
    Дар соли 2020 нархи таваррум дар Тоҷикистон ба 9. 4 дарсад расид

Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯянд, мизони таваррум дар соли 2021 бо беш аз 3 дарсад коҳиш ба 6 дарсад мерасад.

Ба гузориши сомонаи “Азия Плюс”, ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2020 нархи таваррум дар Тоҷикистон ба 9, 4 дарсад расид, ки дар 10 соли ахир бесобиқа будааст.

Ҳамчунин қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон соли гузашта ба таври миёна 13 дарсад афзоиш ёфт.

Бонки Миллии Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард, ки барои огоҳӣ аз пешбинии мардум дар бораи мизони таваррум ва афзоиши қиматҳо дар соли 2021 аз афкори умумӣ назарсанҷӣ мекунад.

Ин назарсанҷӣ аз тариқи муноқиса (тендер) миёни ширкатҳои дохилӣ, ки ба таҳқиқ дар бораи масоили бозор, таваррум ва қиматҳо машғуланд, анҷом хоҳад шуд.

Теъдоди ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ набояд аз ҳазору 500 нафар камтар бошад ва ин барнома дар тамомии манотиқи Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд.

Бар асоси барномаи Бонки Миллии Тоҷикистон, ин назарсанҷӣ солона 4 бор баргузор мешавад то аз дидгоҳи мардум дар бораи сатҳи таваррум ва афзоиши қиматҳо маълумот ба даст ояд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп