Крисмас зери сояи таваррум/ Норизоятии амрикоиҳо аз хароҷоти таътилот
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123584-Крисмас_зери_сояи_таваррум_Норизоятии_амрикоиҳо_аз_хароҷоти_таътилот
Порс-Тудей. Натиҷаи як назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, бо таваҷҷуҳ ба ин ки қимати колоҳо ва хадамот дар Амрико акнун нисбат ба соли қабл афзоиш ёфтааст, амрикоиҳо дар таътилоти Крисмас (соли нави мелодӣ)-и имсол хароҷоти хариди тӯҳфа, саргармӣ ва сафарро коҳиш додаанд.
(last modified 2025-12-26T09:16:11+00:00 )
Декабр 26, 2025 14:13 Asia/Dushanbe
  • Крисмас зери сояи таваррум дар Амрико
    Крисмас зери сояи таваррум дар Амрико

Порс-Тудей. Натиҷаи як назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, бо таваҷҷуҳ ба ин ки қимати колоҳо ва хадамот дар Амрико акнун нисбат ба соли қабл афзоиш ёфтааст, амрикоиҳо дар таътилоти Крисмас (соли нави мелодӣ)-и имсол хароҷоти хариди тӯҳфа, саргармӣ ва сафарро коҳиш додаанд.

Торнамои хабарии “Юнайтед Пресс Интернешнл” бо истинод ба назарсанҷии ҷадиди шабакаи хабарии CBS ва муассисаи YouGov навишт: Амрикоиҳо аз хароҷоти таътилоти Крисмас хушҳол нестанд ва бештари онҳо мегӯянд, қудрати хариди онҳо заиф шудааст.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ин назарсанҷӣ бо мушорикати 2267 бузургсоли амрикоӣ анҷом шуд ва 58 дарсади посухдиҳандагон гуфтаанд, хариди колоҳои мавриди ниёз барои таътилот барояшон душвор аст. 17 дарсад онро «бисёр душвор» ва 41 дарсад «то ҳадде душвор» тавсиф кардаанд. Танҳо 8 дарсад харидро осон донистаанд. Дар бораи қиматҳо низ 27 дарсад гуфтаанд, «бисёр афзоиш ёфта» ва 44 дарсад «то андозае афзоиш ёфта» аст.

Бар асоси ин назарсанҷӣ, ақшори камдаромад бештарин фишорро таҳаммул мекунанд. 71 дарсади хонаводаҳо бо даромади солонаи камтар аз 50 ҳазор доллар, хариди колоҳоро «бисёр душвор» донистанд. Ин вазъият барои 56 дарсади хонаводаҳо бо даромади 50 то 100 ҳазор доллар ва ҳатто 58 дарсади хонаводаҳо бо даромади болои 100 ҳазор доллар низ душвор тавсиф шуд.

Ширкаткунандагон ҳамчунин эълом карданд, ки хароҷоти худро коҳиш додаанд. 42 дарсад тӯҳфаҳои камтар мехаранд, 32 дарсад хароҷоти ғизо ва нӯшокиро кам кардаанд, 48 дарсад хароҷоти сафарро коҳиш додаанд ва 50 дарсад хароҷоти саргармиҳоро камтар кардаанд.

Дар арзёбии куллии иқтисод, 32 дарсад вазъиятро «мусбат» ва 63 дарсад «бад» тавсиф карданд. Ин рақам нисбат ба назарсанҷии моҳи июл, ки 39 дарсад вазъияти иқтисодиро матлуб дониста буданд, коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин 41 дарсад муътақиданд, иқтисоди Амрико дар соли 2025 вахимтар шудааст.

Дар ин гузориш омадааст: Таваррум ҳамчунон нигаронии асосии мардум Амрико аст, 76 дарсад гуфтаанд, даромадашон бо таваррум созгор нест.

Нигоҳи амрикоиҳо ба бозори кор низ манфӣ аст. Танҳо 5 дарсад вазъияти бозори корро «бисёр хуб» ва 29 дарсад «нисбатан хуб» арзёбӣ кардаанд, дар ҳоле ки 32 дарсад онро «нисбатан бад» ва 20 дарсад «бисёр бад» донистаанд. Нишондиҳандаи бекорӣ дар Амрико 4.6 дарсад гузориш шудааст. Ин назарсанҷӣ байни 15 то 17 декабр бо тарҳи 16 суол дар бораи таътилот ва иқтисод анҷом шуд.