Муаррифии фосидтарин ниҳодҳои Тоҷикистон дар соли 2020
Мақомоти Созмони давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон фосидтарин ниҳодҳои давлатии ин кишварро дар соли 2020 муаррифӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин мақомот эълом карданд, ки дар соли 2020 низоми банкӣ, Вазорати маориф ва илм ва низ бахши тандурустии Тоҷикистони бештарини мавориди фасодро ба номи худ сабт карданд.
Бар асоси ин гузориш, дар соли 2020 беш аз 2 ҳазор мавриди дарёфти ришва ва ихтилос дар Тоҷикистон сабт шудааст, ки аз ин теъдод 177 мавриди фасоди молӣ барои кормандони идороти ҳукуматӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо, 168 маврид барои банкҳо ва136 мавриди ҷурми муртабит бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ барои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба сабт расида ва дар ин замина парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.
Ҳамчунин дар ин муддат кормандони Вазоратҳои кишоварзӣ 101 маврид, кор ва умури муҳоҷират 66 маврид ва комитети давлатии замин 99 мавриди фасоди молӣ ва ришвахорӣ муртакиб шудаанд.
Хисорати молии ношӣ аз ин мавориди фасод дар соли гузашта 348 миллиону 800 ҳазор сомонӣ эълом шудааст.
Бештар бихонед: