Бозгашти фламингоҳо ба «Қарокӯл» аз нигоҳи шабакаи арабӣ +видео
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i63220-Бозгашти_фламингоҳо_ба_Қарокӯл_аз_нигоҳи_шабакаи_арабӣ_видео
Шабакаи арабизабони «Алмаёдин» дар торнамои худ филме аз бозгашти фламингоҳо ба дарёчаи зебои Қарокӯли Тоҷикистон мунташир кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 05, 2021 18:07 Asia/Dushanbe

Шабакаи арабизабони «Алмаёдин» дар торнамои худ филме аз бозгашти фламингоҳо ба дарёчаи зебои Қарокӯли Тоҷикистон мунташир кард.

Торнамои шабакаи «Алмаёдин» дар тавзеҳи видео навиштааст: Қарокӯл ба маънии «дарёчаи сиёҳ» дар дили кӯҳҳои Помири Тоҷикистон қарор дорад, ки масоҳати он ҳудуди 380 километри мураббаъ аст ва 230 метр низ умқ дорад».

Бо поён ёфтани фасли зимистон, дарёчаи Қарокӯл мизбони фламингоҳои муҳоҷир аст.