Афзоиши ҳамкориҳои Тоҷикистону Швейтсария дар заминаи энержӣ
(last modified Mon, 05 Sep 2022 10:30:04 GMT )
Сентябр 05, 2022 15:30 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамкориҳои Тоҷикистону Швейтсария дар заминаи энержӣ

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Швейтсария дар заминаи энержӣ афзоиш меёбад .

Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори Файзиддин Қаҳҳорзода-вазири молияи Тоҷикистон бо Мартин Саладин-мудири омили дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф ва аз ҷумла энержӣ табодули назар сурат гирифт .
Қаҳҳорзода ва Мартин Саладин дар мавриди иҷрои пружаҳои сармоягузорӣ ва соири мавзӯъоти муҳим баҳсу гуфтугӯ карданд .
Дар поёни ин дидор вазири моляи Тоҷикистон ва мудири омили дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария илҳоқияи мувофиқатномаи байни давлатҳои ду кишвар дар хусӯси « ироаи кумакҳои фаннӣ ва молӣ ба пружаи энержии хусӯсии « Помир-3 » ро имзо карданд.