Март 06, 2021 13:52 Asia/Dushanbe
  • Коргарони тоҷик пазируфта шуда пас аз интиқол ба Русия 2 ҳафта карантин мешаван
    Коргарони тоҷик пазируфта шуда пас аз интиқол ба Русия 2 ҳафта карантин мешаван

15 нафар аз намояндагони як ширкати сохтумонсозии Русия барои интихоби коргар дар бахши сохту соз дар Маскав ва атрофи он ба Хуҷанд омадаанд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, ин афрод барои ҷазби 1 ҳазор коргар дар бахши сохту сози ширкати “ТехСтрой” аз тариқи озмӯн дар шаҳри Хуҷанд ҳузур доранд.

Коргарони мавриди ниёзи ин ширкати русӣ бояд дар заминаи сохтумонсозӣ тахассус дошта бошанд, ҳамчунин ба забони русӣ мусаллат бошанд. Ин афрод пас аз пазируфта шудан дар озмӯн, машғӯл ба кор хоҳанд шуд.

Ин ширкати русӣ ҳазинаи 90 ҳазор рубл интиқоли коргарони тоҷик бо ҳавопаймо, таъмини хобгоҳ, либоси кор ва се ваъда ғизои ононро таъмин хоҳад кард.

Коргарони пазируфта шуда пас аз интиқол ёфтан ба Русия тайи ду ҳафта карантин мешаванд, ки ҳазинаи ин иқдом низ бо ширкати русӣ хоҳад буд.

Дар соли 2020 ба далели густариши бемории Ковид 19 ҳазорон коргари тоҷик, ки умдатан дар бахши сохту соз дар Русия фаъолият мекарданд, шуғли худро аз даст доданд. Дар Русия акнӯн камбуди 1 миллиону 500 ҳазор коргари муҳоҷир дар бахши сохту соз эҳсос мешавад, ки ҳукумати ин кишвар дастури осонсозии ҷазби ин афрод, аз ҷумла тоҷикҳоро содр кард.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп