Март 22, 2021 19:03 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои уламои Тоҷикистон: Қасам ба Қуръон аз нигоҳи бештари уламои ҳанафӣ дуруст аст
    Шӯрои уламои Тоҷикистон: Қасам ба Қуръон аз нигоҳи бештари уламои ҳанафӣ дуруст аст

Шӯроии уламоии Тоҷикистон дар фатвои ҷадид эълом кардааст, ки касоне ки барои бархе рӯйдодҳо бар талоқи ҳамсарони худ қасам мехуранд, агар ин қасамро бишкананд талоқ воқеъ мешавад .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Шӯрои уламои Тоҷикистон дар посух ба пурсише дар бораи роиҷ шудани қасам бар сари талоқ додани занон таъкид кардааст : " Аз нигоҳи шариъат савганд фақат бояд ба номҳову сифатҳои Худованд бошад, бо вуҷуди ин агар шахс ба талоқ додани ҳамсараш қасам бихурад ва ин савгандро бишиканад дар ҳукми вуқуъи талоқ аст . "

  Ин ниҳод бо ишора ба равоҷи қасам додан ба Қуръон дар ҷомеъаи Тоҷикистон таъкид кардааст ин навъ аз қасамро бидуни ишкол дониста ва эълом кардааст, ки қасам ба Қуръон аз нигоҳи бештари уламои ҳанафӣ дуруст аст .

 

 Бештар бихонед :

Барчасп