Эътирофи духтари Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷӯди чанд ҳамсари дар Тоҷикистон
-
Эътирофи духтари Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷӯди чанд ҳамсари дар Тоҷикистон
Озодаи Раҳмон, раиси Дастгоҳи раёсатҷуҳӯрӣ ва духтари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳӯри Тоҷикистон эътироф кард, ки ба роғми манъи қонуни чанд ҳамсарӣ дар ин кишвар, " дуҳамсарӣ ва чанд ҳамсарӣ" дар ҷомеъа амалан вуҷӯд дорад.
Ӯ дар як мақолаи таҳлилӣ дар бораи ҳуқуқ ва озодии занон навиштааст. Дар мақолае, ки дар маҷалаи " Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон" онро нашр карда, Озодаи Раҳмон гуфтааст: Аз ҷумлаи иллатҳои розӣ шудани занон ба ин навъ зиндагӣ, пойин будани сатҳи маърифат ва фарҳангӣ ҳуқуқи, муҳоҷирати корӣ ва соҳиб ҳирфа набудани занон аст.
Тибқи омори Вазорати додгустарии Тоҷикистон аз соли 2020 то нимаи соли 2022 дар Тоҷикистон 222 нафарро ба итҳоми издивоҷ бо ду зан ва ё ҳатто бештар аз он муҷозот шудаанд.
Дар Тоҷикистон чанд ҳамсари мамнӯъ аст ва барои афроди муттаҳам ба ин амр аз 68000 то 136000 сомонӣ муъодили 6800 то 13600 доллар ҷарима ё то 5 сол зиндон муқарар шудааст.
Дар байни мардуми Тоҷикистон шойеъа аст, ки аксарияти мақомоти аршади ҳукумати ин кишвар ҳадди ақал ду зани расмӣ ё ғайри расми доранд. Аз ҷумла Ҷамолиддин Нуралиев, ҳамсари Озодаи Раҳмон низ муттаҳам ба доштани зани дуввум аст. Гуфта мешавад яке аз иллатҳои барканории ӯ аз муовинати аввали Бонки Миллии Тоҷикистон дар соли гузашта ҳамин будааст, ки боис шуда ҳанӯз бидуни мақом бимонад.