Апрел 04, 2021 09:55 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 100 нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик ба пардохти 5 ҳазор рубл ҷарима маҳкум ва сипас озод шуданд
    Беш аз 100 нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик ба пардохти 5 ҳазор рубл ҷарима маҳкум ва сипас озод шуданд

Полиси Маскав бештари тарафдорони Иззат Амон-мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷикро, ки дар эътироз ба ихроҷи ӯ аз Русия муқобили сафорати Тоҷикистон дар Маскав тазоҳурот карда ва дастгир шуда буданд, озод кард .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, дар ин замина беш аз 100 нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик ба иттиҳоми авбошӣ ба пардохти 5 ҳазор рубл ҷаримаи молӣ маҳкум ва сипас озод шуданд .

  Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия дар баёнияе эълом карда буд, ки рӯзи ҷумъа 150 нафар аз тарафдорони Иззат Амон-мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик, ки бо ҳукми додгоҳе дар Маскав аз Русия ихроҷ ва дар Тоҷикистон боздошт шудааст, бо таҷаммуъ муқобили бинои ин сафорат озодии фаврии вайро хостор шуданд.

    Гуфта мешавад аз онҷо ки ин тазоҳурот муҷаввиз надошта,полиси Маскав онро барҳам зада ва шуморе аз муътаризонро низ боздошт кардааст.

    Чанде пеш додгоҳи шаҳри Маскав бо судури ҳукме гузарномаи русии Иззат Амонро бекор ва ӯро бар асоси банди 18 қонуни ҷиноии Русия марбут ба поймолсозии қонунҳои кору зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохти ҷарима ва истирдод ба Тоҷикистон маҳкум кард .

  Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом карда, ки алайҳи ин шаҳрванди тоҷик ба иттиҳоми фиребкории  молӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил ва ӯ ба маҳзи вуруд ба Душанбе боздошт шудааст.

  Иззат Амон, донишомӯхтаи донишгоҳ ва Академияи улуми сиёсии Вазорати умури хориҷаи Русия аст, ки дар соли 1996 шаҳрванди ин кишвар шуд ва аз соли 2000 сокини Маскав буд .

 

  Бештар бихонед :