Апрел 19, 2021 13:19 Asia/Dushanbe
  • Акрамзода ноябри 2020 дар паи интишори гузориши фурӯши ғайриқонӯнии заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ бо фармони раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон барканор шуд
    Акрамзода ноябри 2020 дар паи интишори гузориши фурӯши ғайриқонӯнии заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ бо фармони раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон барканор шуд

Маҷлиси миллии Тоҷикистон ваколати Рустам Акрамзода-раиси собиқи ноҳияи Рӯдакиро қатъ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, вай дар моҳи январи соли 2019 ба мақоми раиси ноҳияи Рӯдакӣ мансуб ва дар 27 марти соли 2020 аз ҳавзаи интихобияи ноҳияҳои марказии Тоҷикистон ба узвияти Маҷлиси миллӣ баргузида шуд .

    Акрамзода дар моҳи ноябри соли 2020 дар паии интишори гузорише аз фурӯши ғайриқонӯнии заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон аз мақомаш барканор гардид .

    Пештар Юсуф Раҳмон-додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти Маҷлиси Намояндагон гуфта буд : « Дар соли 2020 алайҳи 296 нафар аз кормандони идораҳои давлатӣ аз ҷумла 22 корманди масъӯли ноҳияҳо, 27 нафар аз раисону мутахассисони идораҳои заминшиносӣ, 120 нафар аз мақомоти ҷамоатҳо,49 корманди масъӯли идораҳои қайди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ва 78 нафар аз мудирони ширкатҳои кишоварзӣ ба иттиҳоми фурӯши ғайриқонӯнии замин  парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.»

    Акнун бо фармони раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон, Азизуллоҳ Исматзода ҷонишини Акрамзода дар мансаби раёсати ноҳияи Рӯдакӣ шудааст .

    

  Бештар бихонед :