Октябр 24, 2016 12:25 Asia/Dushanbe
  • Бардошти 221 ҳазор тонна пахта дар Тоҷикистон

Кишоварзони Тоҷикистон дар се моҳи ахир беш аз 221 ҳазор тонна пахта бардошт кардаанд.

Ба иттилои сайти Ка-Ниюз, мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ин муддат бардошти пахта аз мазореи ин кишвар ба беш аз 221 ҳазор тонна расида, ки 6 ҳазор тонна аз давраи мушобеҳи соли қабл бештар аст .

Бар асоси ин гузориш, бардошти ин мизони пахта, ки пас аз алюминиюм дуввумин маҳсули муҳими содиротии Тоҷикистон баҳисоб меояд, баробар бо 63 дарсад аз барномаи пешбинӣ шудаи давлат барои соли 2016 аст .

Қаблан мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таъкид карда буданд, ки имсол бардошти ин маҳсули муҳими содиротиро ба 368 ҳазор тонна бирасонанд .

Ба ин манзур дар заминҳое ба масоҳати беш аз 162 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки вилоятҳои Хатлон дар ҷануб ва Суғд дар шимоли Тоҷикистон аз умдатарин манотиқи кишти пахта баҳисоб меоянд .

Аммо коршиносон иҷрои ин барномаро бадалели поин будани қиммати пардохтии пахта ба кишоварзон баъид медонанд .

Бар асоси барномаи давлати Тоҷикистон дар соли 2015, дар ин кишвар бояд 390 ҳазор тонна пахта бардошт мешуд, ки амалан ин шохис ба 270 ҳизор тонна расид .

 Дар Тоҷикистон дар даврони пеш аз истиқлол, аз ҳудуди 500 ҳазор гектар замини пахта, солиёна беш аз 930 ҳазор тонна маҳсул бардошт мешуд, аммо акнун бадалели набуди сармоя, суди болои қарзҳои бонкӣ, фарсудагии мошинолоти кишоварзӣ, гарон будани қиммати сӯхт ва нуриҳои химиявӣ, бештари кишоварзони тоҷикистонӣ кор дар Русияро бар кишти пахта тарҷеҳ медиҳанд .