Тоҷикистон низомиён ва ғайринизомиёни Қирғизистонро ба ҷавобгарӣ мекашад
Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи 200 низомӣ ва ғайринизомии Қирғизистон барои даст доштанашон дар муноқишаи марзии ахир парвандаи ҷиноӣ боз карда ва онҳоро таъқиб мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар баёнияи додситонии кулли Тоҷикистон таъкид шудааст, ки иттиҳоми ин афрод оғози даргирии мусаллаҳона, қатлу куштор, ғорати амволи умумӣ ва барангехтани танаффури миллӣ аст.
Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ки бо такмили парвандаи атбоъи қирғиз аз ҳукумати ин кишвар ба таври расмӣ дархост хоҳад кард, ки ононро барои муҳокима ба додситонии кулли Тоҷикистон таҳвил диҳад.
Дар ин баёния таъкид шудааст: Гунаҳкорони задухӯрди 29 апрел марзбонон ва шаҳрвандони Қирғизистон буданд, ки ҳангоми насб кардани камераҳои назоратӣ барои назорат кардани хуруҷ аз обанбори муштарак ба сокинони ноҳияи Исфара санг андохта, ба сӯи онҳо тирандозӣ карданд.
Ин дар ҳолест, ки аз қабл барои насби ин дурбинҳо миёни мақомоти ду кишвар тавофуқ шуда буд.
Дар натиҷаи ин иқдом, раиси ноҳияи Исфара Баҳоуддин Баҳодурзода захмӣ шуд ва теъдоде аз атбоъи Тоҷикистон низ осеб диданд ва ин ҳаводис ба дифои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва даргирии хунин миёни ду кишвар анҷомид.
Бинобарин эъломи додситонии кулли Тоҷикистон, иқдоми тарафи Қирғизистони таҳоҷум ба тамомияти арзии Тоҷикистон ва ба хатар андохтани ҷони атбоъи ин кишвар аст ки бояд мутобиқ бо муқаррароти ҳуқуқии байналмилалӣ баррасӣ шавад.
Бештар бихонед: