Ал-Ҷулонӣ ба дунболи ваҳдати миллӣ ё куштори фирқаӣ?
-
Ал-Ҷулонӣ ба дунболи ваҳдати миллӣ ё куштори фирқаӣ?
Порс-Тудей. Хабаргузории “Рейтерс” дар гузорише таҳқиқӣ ба куштори ғайринизомиёни алавӣ тавассути ҳукумати Ал-Ҷулонӣ дар Сурия пардохт.
Шаш моҳи пас аз оғоз ба кори ҳукумати Ал-Ҷулонӣ дар Сурия, хабаргузории “Рейтерс” дар гузорише таҳқиқӣ эълом кард, ки дар моҳи март 1500 ғайринизомии алавӣ ба дасти ҳаводорони ин ҳукумати муваққат кушта шудаанд.
Ба гузориши Порс-Туднй, қурбониён, ки ағлаб ба далели ном ё мазҳаби худ ҳадаф қарор гирифта буданд, шомили занон, кӯдакон ва солмандон мешуданд.
Дар ибтидо шумори қурбониён ҳудуди 1000 нафар эълом шуда буд, дар ҳоле ки Дидабони Ҳуқуқи Башари Сурия дар ҳамон моҳ омори кушташудагони ғайринизомиро 745 нафар, ба ҳамроҳи 125 узви неруҳои амниятии сурӣ ва 148 размандаи вафодор ба Асад эълом карда буд.
Бо вуҷуди тафовут дар омор, ҳар ду гузориш бар як нукта таъкид доранд: Ин қатлҳо бар пояи ихтилофоти фирқаӣ ё минтақаӣ анҷом шудаанд.
Таҳқиқоти дақиқтари “Рейтерс” аз дахолати мустақими чандин воҳиди мусаллаҳи вобаста ба ҳукумати Ал-Ҷулонӣ парда бармедорад. Ин ҳукумат акнун таҳти султаи аъзои собиқи гуруҳи Ҳайати Таҳрир-уш-Шом (HTS) қарор дорад, гуруҳе ҷудошуда аз Алқоида, ки агарчӣ акнун мунҳал шуда, аммо ҳамчунон дар феҳристи таҳримҳои Созмони Милал қарор дорад. Саркардаи ин гуруҳ, Аҳмад Аш-Шаръ дар январ тавонист давлати Димишқро сарнагун кардаву зимоми қудратро дар даст бигирад.
Ин ҷиноёт дар дастикам чиҳил русто ё маҳаллаи умдатан алавинишин рух додаанд. Дар бисёре аз манотиқ муҳоҷимон бо феҳристҳое аз асомӣ ворид шудаву аъзои пешини неруҳои вафодор ба Асадро ҳадаф қарор доданд, ҳатто касоне ки ахиран мавриди афв қарор гирифта буданд.
Тибқи иттилооти ба дастомада тавассути “Рейтерс”, хонаводаҳое сирфан ба хотири доштани як номи хонаводагии мушаххас, ба таври комил эъдом шуданд. Шеваи ин кушторҳо бисёр хушунатбор буд: эъдом, мисласозӣ, таҳқири умумӣ ва филмбардорӣ аз саҳнаҳо. Даҳҳо зан, кӯдак, солманд ва афроди дорои маълулият низ дар ин ҷиноёт ҷон бохтанд.
Дар замони вуқуъи ин кушторҳо, Ал-Ҷулонӣ аз шӯришиёни алавӣ хоста буд, ки пеш аз онки дер шавад, силоҳи худро замин гузоштаву таслим шаванд. Пас аз поёни даргириҳо низ хоҳони «ваҳдати миллӣ» шуд. Бо ин ҳол, тибқи гузориши “Рейтерс”, куштори алавиён ҳамчунон идома дорад.