Ҳамдеҳаи полковник Гулмурод Ҳалимов дар боздоштгоҳ
Яке аз ҳамдеҳагони Гулмурод Ҳалимов-фармондеҳи пешини неруи вижаи Вазорати дохилии Тоҷикистон, ки дар Сурия ҳузур дорад, ба иттиҳоми талош барои барқарории иртибот бо вай, боздошт шудааст.
Ба гузориши сойти ТопТҷ, Меҳроб Юсупови 24 сола, ки пизишки мебошад ба иттиҳоми талош барои барқарории иртибот бо ҳамрустоии хеш, Гулмурод Ҳалимов боздошт шудааст.
Манобеи ҳукуматӣ дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб, гуфтаанд, ки ҳамроҳ бо Меҳроб Юсупов 4 сокини ин деҳа низ ба иттиҳоми мушобеҳ боздошт шуда буданд, ки ба шарти хориҷ нашудан аз ин минтақа, озод гардидаанд. Аммо мақомоти амниятӣ мегуянд, ки Меҳроб Юсупов аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ талош кардааст, ки бо ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурия тамос бигирад ва тавасути онон бо Ҳалимов иртибот барқарор намояд.
Палковник Гулмурод Ҳалимови 42 сола фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати дохилии Тоҷикистон авохири апрели соли 2014 нопадид шуд ва авохири моҳи ҳамин сол бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.
Мақомоти қазоии Тоҷикистон алайҳи ин палковники фирорӣ ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, ҳузур дар таркиби гурӯҳҳои ҷиноӣ дар қаламрав кишварҳои дигар, парванда ташкил додаанд.