Июн 14, 2021 20:41 Asia/Dushanbe
  • Бахшидани қарзи 1 миллиондолларии ширкати “Тоҷик Телеком”

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи афви 1 миллиондолларии қарзи андозии ширкати мухобиротии “Тоҷик Телеком” -ро тасвиб кард.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, ин афв шомили 5, 5 миллион сомонии андоз ва 5, 5 миллион сомонӣ ҷаримаи деркарди бозпардохтҳо аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Нусратуллоҳ Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аз ширкати хадамоти мухобиротии “Тоҷик Телеком” ба унвони қарздортарин идораи давлатӣ бобати андоз ёд кардааст.

Вай гуфт: Қарздории андозии ин ширкат ба 7 миллиону 600 ҳазор доллар расида аст.

Аз сӯйи дигар, Ян Питер Олтерс, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар апрели соли ҷорӣ дар нишасти аҳамияти иқтисоди диҷиталӣ дар Тоҷикистон, хостори поён додан ба тиҷорати ин ширкат дар бозори хадамоти интернети кишвар шуд.

Аз дидгоҳи вай, инҳисорӣ кардани ироаи хадамоти интернетӣ аз сӯйи ширкати мухобиротии “Тоҷик Телеком” мӯҷиби эҷоди мавонеъ дар роҳи рушди бозори Интернет дар Тоҷикистон шудааст.

 

Бештар бихонед: