Оғози марҳалаи дувуми эмгузаронии фалаҷи кӯдакон дар Тоҷикистон
Июл 01, 2021 16:51 Asia/Dushanbe
Марҳалаи дувуми тарҳи эмгузаронии фалаҷи кӯдакон дар Тоҷикистон оғоз шудааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин тарҳ то 5 июл идома дорад.
Дар ин тарҳ кӯдакони зери 6 сол вояи дувуми ваксинаи фалаҷи атфол дарёфт мекунанд .
Ин тарҳро Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо кумаки Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ва Сандуқи кӯдакони Созмони Миллал ( ЮНИСЕФ) иҷро мекунанд.
Марҳалаи аввали тарҳи эмгузаронии фалаҷи атфол дар Тоҷикистон аз 31 май то 5 июн иҷро шуд .
Бештар бихонед:
- Таҳвили 4, 6 миллион доза ваксинаи фалаҷи атфол ба Тоҷикистон
- Тавзеҳи далели афзоиши бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон
- Эрони ҷузъи 10 кишвари тавлидкунандаи ваксинаи фалаҷи атфол
Барчасп