Июл 05, 2021 18:05 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили дувумин маҳмулаи ваксинаи коронаи моҳи август ба Тоҷикистон

Нимаи дуюми моҳи августи соли равон  бастаи навбатии ваксинаи «AstraZeneca» ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.

Ба нақл аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон, иқдоми мазкур бо шарикон оид ба рушд хусусан бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони миллали мутаҳид ва Алянси глобалии ваксина ва иммунизатсия рӯи даст гирифта шудааст.

Дар ин хусус сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки бо истифода аз дигар манбаъҳо воридоти ваксинаҳоро зиёдтар кунанд. Ҳоло бо Бонки ҷаҳонӣ оид ба маблағҳои грантӣ шартнома баста шудааст, ки маблағи он зиёда аз 8 миллион долларро ташкил медиҳад. Инчунин бо Бонки Осиёгии Рушд низ шартнома ба имзо расида, маблағи он 25 миллион долларро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки қисми муайяни маблағҳои мазкур ба харидории ваксинаҳо равона карда мешавад.

«Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бевосита бо истеҳсолкунандагони ваксинаҳо корбарӣ намуда, ният дорад аз ҳисоби буҷаи давлат ва маблағҳое, ки ҳамчун грант ба Тоҷикистон ҷудо гардидаанд, боз вояҳои иловагӣ харидорӣ намояд», гуфт Наврӯз Ҷафаров.

Ҳоло маъракаи ваксинатсия идома дошта, беш аз 300 ҳазор аҳолӣ бар зидди бемории COVID-19 ваксина гирифтанд, ки беш аз 97 ҳазор нафарро аҳолии шаҳри Душанбе  ташкил медиҳанд.

Бештар бихонед:

5 ваксинаи эронӣ дар феҳристи номзадҳои ваксинаи Ковид -19 –и Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт

Созмони ҷаҳонии беҳдошт: афроде, ки ваксина задаанд ҳам ниқоб бизананд

 

 

Барчасп