Эъломи поёни қарантинаи коронаӣ дар бузургтарин бемористони вилояти Суғд
Мудири бузургтарин бемориҳои вогирдори вилояти Суғд аз поёни қарантинаи вируси корона ва оддӣ шудани ин маркази дармонӣ хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Рустамҷон Бурибоев гуфт: Дар вилояти Суғд дигар ҳеҷ мавриди ҷадиди ибтилои афрод ба бемории Ковид-19 мушоҳида нашуда ва зарури аст ин маркази дармонӣ аз рӯзи 28 марти соли ҷорӣ ба ҳолати оддӣ баргардад.
Ин бемористон аз моҳи апрели соли 2020 ба далели мушоҳидаи нахустин мавридҳои бемории Ковид-19 ба марказии аслии дармони ин беморон дар шимоли Тоҷикистон табдил шуда буд.
Аз сӯи дигар мақомотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо эъломи поёни вазъи фавқулоддаи бемории Ковид-19 дар ин кишвар маҳдудиятҳи коронаӣ аз ҷумла доштани ниқобро лағв карданд.
Ин мақомоти мегӯянд то ҷашни Наврӯз 5 миллиону 920 ҳазор афроди болои 18 соли ин кишвар дози нахусти ваксинаи коронаиро дарёфт карданд, ки баробар бо 91 дарсад аз афроди дорои шаройт мебошад.
Ба 4 миллиону 614 ҳазор нафар низ дози дуввуми ваксинаи корона тазриқ шуда аст, ки 83 дарсад аз дорои шаройтро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин 619 ҳазор нафар баробар бо 11.1 дарсад аз ҷамъяти Тоҷикистон дози севвуми ваксинаи коронаро дарёфт карданд.
Бештар бихонед: