Июл 08, 2021 19:10 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Тоҷикистон : Ба танҳоӣ қодир ба муқобила бо чолишҳои марзӣ нестем

Намояндаи доими Тоҷикистон дар СПАД эълом кард: Тоҷикистон ба танҳоӣ қодри нест бо чолишҳои марзӣ бо Афғонистон муқобила кунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник,  Ҳасан Султонов-намояндаи доими Тоҷикистон дар СПАД дар ҷаласаи шӯрои доими ин созмон гуфт : Тоҷикистон тамоми тадбирҳои лозимро барои тақвияти марзҳои худ бо Афғонистон иҷро кардааст .
ӯ афзуд : Бо тамомии иқдомоти анҷом шуда  Тоҷикистон ва Афғонистон марзи тўлонӣ бо якдигар доранд ва бисёре аз навоҳии марзӣ ҳам дар кӯҳистонҳои душворгузар  қарор дорад ба ҳамин далел Тоҷикистон ба танҳоӣ наметавонад тамоми хати марзро контрол кунад .

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон рӯзи душанбе ба мақомоти вазорати дифо дастур дод барои тақвияти амнияти марзҳои ин кишвар бо Афғонистон ба 20 ҳазор низомии захира эъломи омодабош диҳад, то дар сурати лузум ба ин навоҳӣ сафарбар шаванд .

 

Барчасп