Ноябр 01, 2016 15:12 Asia/Dushanbe
  • Вуруди нозирони низомии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба Тоҷикистон

Нозирони низомии Амрико, Полша ва Литва ба манзури бозрасии фаъолияти низомиён ва силоҳу таҷҳизоти низомии артиши Тоҷикистон вориди Душанбе шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард, сафари ҳайати нозирони низомии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон то 4-уми ноябр идома дорад.

Ин ҳайат бар асоси муқаррароти санади “Вена”, ки ки соли 2011 дар шаҳри Венаи Австрия аз сӯйи кишварҳои узви САҲА ба тасвиб расидааст, аз воҳидҳои низомии артиши Тоҷикистон боздид хоҳад кард.

Санади “Вена” бо ҳадафи тақвияти эътимод ва амният дар ҷаҳон, халъи силоҳҳои мухарриб ва назорат бар фаъолиятҳои низомӣ танзиму тасвиб шудааст.

Бар тибқи ин санад, кишварҳои узви САҲА якдигарро аз фаъолиятҳои низомӣ огоҳ мекунанду ба нозирони низомӣ иҷоза медиҳанд то аз воҳидҳои артиши ин кишварҳо бозрасӣ кунанд.

Ҳайати нозирони низомии САҲА 3 сол қабл низ аз воҳидҳои низомии артиши Тоҷикистон боздид карда буданд.