Тоҷикистон мардуми Афғонистонро дар шароити душвор танҳо намегузорад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i70562
Вазирони умӯри хориҷаи Тоҷикистону Афғонистон бо якдигар дидор карданд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 15, 2021 14:19 Asia/Dushanbe
  • Сироҷиддини Муҳриддин бо Муҳаммадҳаниф Атмар
    Сироҷиддини Муҳриддин бо Муҳаммадҳаниф Атмар

Вазирони умӯри хориҷаи Тоҷикистону Афғонистон бо якдигар дидор карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар мулоқоти Сироҷиддини Муҳриддин бо Муҳаммадҳаниф Атмар авзоъи минтақа ва Афғонистон, раванди музокироти байнулафғонӣ, равобити Тоҷикистону Афғонистон дар бахшҳои мухталиф табодули назар шуд .
Муборизаи муштарак бо тероризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз дигар мавзӯъоте буд, ки тарафҳо дар ин дидор дар бораи онҳо гуфтугӯ карданд .